Дар соли 2019 дар Марказ 4727 беморон бистарӣ шудаанд, ки 4342 (91,9%) нафари онро беморони соҳавӣ ташкил доданд. Дар маҷмӯъ аз шумораи онҳо шаҳрвандони пойтахт 2423 нафар ва шаҳрвандон аз деҳот 2274 нафар мебошанд. Миқдори асосии беморони ғайрисоҳавӣ бо мақсади таълимӣ (базаи кафедраҳои бемориҳои ҷарроҳии №2 ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, эндоваскулярӣ ва тармии ДТБКСТ ҶТ) ва корҳои илмӣ бистарӣ гардиданд. Дар ин муддат, дар Марказ 4579амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуданд. Фаъолияти ҷарроҳӣ 96,3%-ро, ки назар ба соли гузашта 5% зиёд шудааст ташкил додааст, аворизи баъди ҷарроҳӣ – 44 (1%). Фавти баъди ҷарроҳӣ – 19 (0,41%), фавти умумӣ 21 (0,45%), ки назар ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Ҷадвали 1
Ҳаракати беморони Марказ дар соли 2019 бо муқоисаи солҳои 2017-2018
НИШОНДИҲАНДА |
2017 |
2018 |
2019 |
Миқдори умумии беморони бистаришуда | 4150 |
4714 |
4727 |
Миқдори беморони ҷавобшуда |
4162 |
4703 |
4627 |
Фавтидагон |
19 |
36 |
21 |
то синни 18 сола |
6 |
18 |
4687,5 |
Миқдори беморони истифодашуда | 4166 |
4727 |
4687,5 |
Дар соли ҳисоботӣ миқдори умумии беморони бистаригардида нисбати соли гузашта дар як сатҳ мондааст.
Ҷадвали 2
Истифодабарии фонди бистариҳо
НИШОНДИҲАНДА |
2017 |
2018 |
2019 |
Банд будани миёнаи катҳо (СЗК) |
217,7 |
236,4 |
206,7 |
Бистариши миёнаи бемор дар кат (Сп на к) |
6,3 |
6,0 |
5,3 |
Гардиши катҳо (Оборот коек) |
34,7 |
39,4 |
39,1 |
% Фавт (Летальность) |
0,5% |
0,8% |
0,45% |
Микдори банакшагирифташудаи кат\руз |
38400 |
38400 |
38400 |
Фоизи иҷроиши кат\рӯз (% В к\д) |
68,0% |
73,8% |
66,6 |
Микдори иҷрошудаи аслии кат/рӯз (ФВк\д) |
26114 |
28327 |
24805 |
Микдори беморони соҳавӣ |
3873 (93,3%) |
4255 (90,3%) |
4342 (91,9%) |
Микдори беморони ғайрисоҳавӣ |
277 (6,7%) |
459 (9,7%) |
385 (8,1%) |
Нишондиҳандаи бистариши миёнаи бемор дар кат ба 5,3 руз баробар шудааст ки ин ба 0,7 назар ба соли гузашта кам шудааст. Гардиши катҳо бе таъғироти назаррас. Фавтиши умумӣ нисбати 2018 сол ба 0,35% кам шудааст. Фоизи иҷроиши кат\руз, миқдори иҷрошудаи аслии кат/руз 66,6% ба нақша гирифтаро ташкил медиҳад.
Ҷадвали 3
Нишондодҳои фаъолияти ҷарроҳии Марказ
НИШОНДИҲАНДА |
2017 |
2018 |
2019 |
Миқдори ҷарроҳӣ |
3970 |
4450 |
4579 |
Нақшавӣ |
3431 |
3829 |
4025 |
Фаврӣ |
539 |
621 |
554 |
Соҳавӣ |
3729 |
3783 |
4133 |
Ғайрисоҳавӣ |
241 |
367 |
382 |
Фаъолии ҷарроҳӣ |
91,2% |
91,9% |
96,3% |
Аворизи баъди ҷарроҳӣ |
41 (1,0%) |
31 (0,8%) |
36 (0,8%) |
Фавти баъди ҷарроҳӣ |
19 (0,5%) |
35 (0,8%) |
19 (0,41%) |
Миқдори беморони амалшуда |
3814 |
4357 |
4474 |
Боиси зикр аст, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти шифоӣ — миқдори амалҳои ҷарроҳӣ ҳар сола зиёд шуда истодаст.
Гурӯҳи беморони ғайрисоҳавиро, на танҳо беморони бо мақсади таълими бистарӣ гардида, балки бемороне, ки аз сабаби ғайриимкон будани гузаронидани амалҳои ҷарроҳӣ дар дигар беморхона низ ташкил медиҳанд (барқароркунии нойи ягонаи тухмгузар ҳангоми ҳомиладории берун аз бачадон бо роҳи микроҷарроҳӣ, тангшавии хирной, омосҳои миёнадевор, кистаҳои шуш, ки ба миёнадевор ё перикард часпиш доранд, ва ғайра.
Ҷадвали 4
Нишондоди фаъолияти шӯъбаи ташхису табобатӣ
Намудҳои ташхисӣ |
2017 |
2018 |
2019 |
ТУС (УЗИ) |
11 576 |
12253 |
11244 |
Ташхиси биохимиявӣ |
14 051 |
17 449 |
18 343 |
Ташхиси клиникӣ |
17 280 |
14 261 |
15 274 |
Ташхиси рентгенологӣ |
6189 |
8317 |
8399 |
Ташхиси ренгеноэндоваскулярӣ |
985 |
575 |
743 |
ЭКГ |
2656 |
2884 |
2 385 |
ФВД |
700 |
1607 |
965 |
ВЭМ |
21 |
96 |
100 |
УЗДГ |
4976 |
6285 |
6 594 |
ЭГДС |
318 |
443 |
320 |
Бронхоскопия |
25 |
63 |
36 |
Ҳамагӣ |
61 101 |
70519 |
64403 |
Шӯъбаи ташхису табобати дар солҳои охир ба яке аз марказҳо, ки дар бисёр самтҳои тиб ба беморон истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамон ташхис гузаронида, хизмат мерасонанд. Ба ин шўъба аз дигар муассисаҳои тиббии шаҳри ва ҷумҳуриявӣ беморон муроҷиат менамоянд ва дар асоси шартномаҳо ба онҳо хизмати тибби расонида мешавад. Дар соли ҳисоботи ба ин шўъба дастгоҳҳои нави ташхиси озмоишгоҳи ва ташхиси ба монанди Видео-ЭГДС дастрас карда шуд, ки истифодаи он миқдор ва сифати ташхисотҳоро зиёд ва беҳтар менамояд.
Корҳои ташхисиву табобатӣ дар бахшҳои ёрирасон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 ба роҳ монда шудаанд. Дар соли равон 30 043 тадқиқотҳои ташхисотии дастгоҳи (ТУС, ЭКГ, ФВД, УЗДГ, ВЭМ, рентген ва ғ.) ва озмоишҳои лабораторӣ – 33617 гузаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ қариб ҳамаи нишондодҳои ташхисӣ баланд рафта истодаанд, Ташхисҳои клиникавию биохимиявӣ зиёд гардиданд, ки ин вобаста ба зиёд гардидани бистариши беморон ва миқдори амалҳои ҷарроҳӣ мебошад.
Нишондоди асосии фаъолияти амалии Марказ ин натиҷаҳои кори самти ҷарроҳии дилу рагҳо мебошад. Дар Марказ чор шўъба дар ин самт фаъолият мекунанд: шўъбаи ҷарроҳии дил, шўъбаи ҷарроҳии нуқсонҳои модарзоди ва иқтисоби дил, шўъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгард ва шўъбаи рентгенэндоваскулярӣ.
Миқдори амалҳои ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо дар соли 2019
Номи амали ҷарроҳӣ |
2018 |
2019 |
||
Ҳамаи амалиёти ҷарроҳи дар дил (аз он ҷумла амалиётҳои кушода, стентгузори ва эндоваскулярӣ) |
529 |
531 |
||
Амалиёти ҷарроҳи кушода дар дил |
293 |
203 |
||
Шунтикунонии аортокоронарӣ
Аз ҷумла бо усули off pump |
44 |
11 33 |
36 |
14 22 |
Амалиётҳо дар дил бо роҳи эндоваскулярӣ
имплантатсияи ЭКС, бартарафкунии НМД ЭФИ. Абласия |
49 |
36 7 6 |
64 |
52 6 6 |
Ҳамаи амалиёт дар рагҳои хунгард |
862 |
900 |
||
Коронарография,
ангиокардиография |
504 57 |
684 62 |
||
Ангиография |
71 |
69 |
||
Стентгузории коронарӣ |
143 |
264 |
||
Стентгузории ғайрикоронарӣ |
12 |
4 |
||
Эмболизатсияи шараёни перефирики |
2 |
2 |
Дар давоми соли 2019 дар шӯъбаҳои ҷарроҳии дил 249 (калонсолу атфол мутобиқан 157 ва 92) беморон бистарӣ гардидаанд, аз онҳо 77 нафарашон то синни 15 сола мебошанд. Аз бистаришудагон ба 197 нафарашон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, бо истифодабарии хунгардиши сунъӣ – 127. Дар соли сипаришуда миқдори амалиётҳо дар дил нисбатан кам гаштан, ки сабаби он аз таъмири косметики гузаштани шӯъбаи ҷарроҳии дил мебошад. Аворизи баъди ҷарроҳӣ ҳаммасола дар як сатҳ қарор дорад. Фавти пас аз ҷарроҳи дар 2 шӯъба ба 7,2 % баробар мебошад, ки сабаби асосии он беморони бо НМД намуди мураккаб ва беморони гирифтори ишемикии дил ташкил додаанд.
Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи ҷарроҳии дил:
-
Якумин шуда дар ҷумҳурӣ бо нишондоди таъҷили ва натиҷаи хуб, ҷарроҳии “Резексияи аневризмаи шараёнӣ коронарии рост, дӯхтани носури ШКР ва МР ва шунтикунонии аортокоронарӣ ” гузаронида шуд.
-
Амалиётҳои реконструктивй дар клапанҳои дил:
-
Аннулопластикаи дарзии клапани митралй дар беморони гирифтори нуксонҳои клапани митралй ва аорталй- 4 нафар.
-
Истифодабарии техникам буриши триангулярй ва квадриангулярии табақаҳои клапани митралй ва пластикам ҳалқаи фиброзии он бо ҳалқаҳои сахт ва нарми такягоҳй- 4 нафар. гузаронида шуд.
Шуъбаҳои ҷарроҳии дил ва нуқсонҳои модарзоди ва иқтисоби дил аз рӯи нақшаи аз тарафи ВТ ва ҲИА тасдиқшуда оиди идомаи амалисозии 2 барномаи миллӣ фаъолият бурда истодааст:
-
«Пешгири, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар солҳои 2011-2015»
-
“Барномаи миллии пешгири, ташхис ва муоличаи беморонии ишемиявии дил дар солхои 2007-2015»
— Дар Марказ ёрии таъҷилии бо усули коронарография ва стентгузории таъҷилӣ ба беморони гирифтори синдроми шадиди коронарӣ ва сактаи дил комилан ба роҳ монда шудааст. Дар давраи хисоботи ба 29 нафар бемороне, ки гирифтори синдроми шадиди коронари (ба 23 нафарашон стентгузори) ва 35 нафар сактаи шадиди миокард (то 12-14 соат) (ба 25 нафарашон стентгузори) ва 10 нафар бо “Бандиши атриовнтрикулярии дараҷаи III” (ба ҳаммаи онҳо имплантасияи ЭКС-и доими гузошта шуд) бистари шуда буданд, амалиёти коронарография ва стентгузории коронарии таъчили (дар 74 ҳолат) гузаронида шуд. Дар ягон ҳолат фавт ба қайд гирифта нашуд.
Дар давоми сол барои пешрафти сохаи чаррохии дил кормандони шӯъба мунтазам бо мутахассисони варзидаи хориҷа (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Австрия ва Хиндустон) оиди табобати беморони гирифтори бемориҳои мураккаби дил маслиҳатҳо гирифта дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ворид мекунанд.
Инчунин дар соли ҷори меморандум бо Ҷамъияти саҳомии “Маркази миллии илмии ҷарроҳии дил” (АО «Национальный научный кардиохирургический центр»), ширкати масъулияташ маҳдуд “Донишкадаи ҷарроҳӣ” (ТОО «Институт хирургии»), ҶС “Донишгоҳи илми-тадқиқотии кардиологи ва бемориҳои дарунӣ” (АО «Научно-исследовательский институт кардиологии и внутренних болезней») ва ҶС “Донишгоҳи тиббии Семей” (НАО «Медицинский университет Семей»-и Ҷумҳурии Қазоқистон оиди ҳамкори ба имзо расид. Аз тарафи мутахассисони ин муассисаҳо якчанд маротиба мастер-классҳо барои кормандони ҷавони Марказ гузаронида шуд.
Аз тарафи Марказ ба ҳамаи шўъбаҳои дилшиносӣ, ревматологи, марказхои тиббии шаҳру ноҳияҳо, таввалудхонаҳои шаҳри Душанбе ва НТҶ кумаки тибби расонида, беморон муоина карда, маслхихатхои зарурӣ дода шудаанд.
Дар соли ҳисоботӣ меморандум оиди ҳамкори бо Департаменти тандурустии ш. Самарқанди Ҷ.Уз. ба имзо расид, мувофиқи он дар Беморхонаи вилоятии кӯдакона аз тарафи мутахассисони шӯъбаи ҷарроҳии нуқсонҳои модарзоди ва иқтисоби дил зиёда аз 350 ҷарроҳи дар дил гузаронида шуд.
Дар давоми соли 2019 кормандони шўъбаҳои ҷарроҳии дил дар якчанд конфронсҳои байналмиллалӣ бо чопи маҷалаву фишурдаҳо ва инчунин баромадҳо иштирок намуданд:
Фаъолияти шӯъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярӣ нисбати соли гузашта ба 40% (310) амали зиёд гаштааст. Дар давоми соли 2019 ҳамаги 601 амали коронароангиография гузронида шудааст, ки аз он дар 170 ҳолат катетерхои радиалии намуди нави Boston Scientific, Flexstusin Shaft истифода бурда шудаанд;
-
Ташхиси дохилии электрофизиологии дил дар беморони бо ташхиси WPW-синдром ба намуди пинҳони ва сершумор бо дастгирии аритмологони хориҷӣ: — Дар соли ҳисоботӣ ба 6 нафар беморони гирифтори аритмияи дил амали ташихиси электрофизиологии дил гузаронида шудааст. Ба 5 нафари онҳо Аблатсия (РЧА) ба амал оварда шудааст. Ду нафар бемор бо ташхиси WPW синдром, намуди пинҳонӣ буданд, ки пас аз ба амал овардани аблатсия (РЧА) дар давоми 6 моҳи охир пайдошавии тахикардияҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
-
Истифода намудани маводи доругии Тикогрелор 90 мг ба беморон бо Синдроми шадиди коронарӣ ва Сактаи шадиди миокард пеш аз гузаронидани амали ангиопластикаи коронарӣ;
Ба ҳамаи бемороне, ки бо таври таъҷили бо Синдроми шадиди коронарӣ ва Сактаи шадиди миокард муроҷиат намуда табобат гирифтан, бо мақсади беҳтар намудани хусусиятҳои реологии хун Тикогрелор 90 мг дода шуд. Дар натиҷа пас аз амалиёт дар ин беморон нишонаҳои томбози стент ба амал наомад.
-
Мукаммалсозии табобати синдроми постэмболикӣ дар беморони гирифтори миомаи бачадон;
Бо мақсади паст намудани дардҳо ва нороҳатӣ пас аз эмболизатсияи миомаи бачадон дар табобати пас аз ҷарроҳӣ комбинатсияи маводҳои дардпасткунанда бо ҳормонӣ илова карда шуд, ки дар натиҷа аломатҳои синдроми постэмболикӣ ниҳоят паст шуданд.
Ворид кардани ин қабил амалиётҳо дар шароити Марказ ин натиҷаи давоми иҷроиши барномаҳои миллӣ: «Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷи бемории ишемиявии дил дар солҳои 2007-2015», «Пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил дар солҳои 2011-2015» аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи ВТ ва ҲИА мебошад.
Дар шӯъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгард ҳамагӣ ба 1017 нафар бистарӣ гаштагон, 900 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Амалиётҳои соҳавӣ дар ин шӯъба 83,3% (741) ташкил дода, фаъолияти ҷарроҳӣ 87,8% -ро дар бар гирифт. 63% (567) амалиётҳо дар системаи варидӣ гузаронида шуда, амалиётҳо дар системаи шараёнӣ 37% (174) мебошад. Фавти баъди ҷарроҳӣ дар 2 (0,1%) маврид рух додаст, фавти умум 2 нафар (0,1%). Шӯъба сармуассиса дар соҳаи ангиоҷарроҳӣ дар ҷумҳурӣ буда, ёрии таъҷилии ангиоҷарроҳӣ ба таври стабилӣ дар муассисаҳои шаҳрию ноҳиявӣ мунтазам расонида мешаванд. Дастовардҳои шӯъба дар давраи ҳисоботӣ:
-
Бинобар харидори нашудани дастгохи АнгиоДжет иҷрои амалҳои тромбэктомияи аспиратсиони ҳангоми ишемияи шадиди андомҳо иҷро карда нашуд. Аммо ба ҷои ин усул амалхои хибриди – стенткунонии кисми проксималии шараёнхои зерикулфак ё тихигох бо тромбэктомияи кушода аз кисми дисталии шараёнхо (шараёнхои бозу, улнар, радиал, зеризону ва тибиали) ичро карда шуд, ки самараноки ва фоиданокиаш бо усули тромбэктомияи аспиратсиони якхела аст.
-
Дастгоҳи лазери ЛАХТА-МИЛОН 1470 нм (Россия) дастрас карда шуд, коагулятсияи лазерии эндовенози (эндовенозная лазерная коагулятсия вен ЭВЛК), инчунин склеротерапияи кафки (пенная склеротерапия, ЭХО-FOAM склеротерапия) дар беморони гирифтори бемории варикози ба рох монда шуд.
-
Бартарафкунии аневризмаҳои аорта (қисмҳои камонак ва поёнраванда) дар шароити хунгардиши сунъи гузаронида шуд.
Холати оксидшавии перекисии чарбхо ва системаи антиоксиданти дар беморони гирифтори тромбози шадиди вариди дар 40 нафар омухта шуда, дар самти табобати беморон коррексияи онхо ворид карда шуд.
Дар шӯъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ соли 2019 нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар як сатҳ қарор дошт. Давомнокии бистариш дар кат, гардиши кат дар давоми сол, фоизи иҷроиши кат/руз ва ҳам миқдори аслии бистариш низ дар як сатҳ қарор дорад. Фаъолияти ҷарроҳӣ чун солҳои пешина аз 95% бештар мебошад, аз ҷумла ин нишондод дар давраи ҳисоботӣ 97,6% -ро ташкил дод. Дар соли 2019 ҳамагӣ 930 бемор бистарӣ шуда, 938 амали ҷарроҳӣ иҷро гардидааст. Аворизи баъдиҷарроҳӣ дар 11 бемор ба амал омадааст, ки 8 нафари он беморони ба таври таҷилӣ бо захмҳои гуногун бистаришуда мебошанд. Фавти бемор ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шӯъба ҳама амалиётҳои микроҷарроҳӣ, реконструктивӣ, пластикӣ ва эстетикие, ки имрӯз дар клиникаҳои калонтарини мамлакатҳои тараққикарда гузаронида мешаванд, иҷро мегарданд.
Дар соли 2019 ба 18 нафар беморон бо оқибатҳои осеби асабҳои андомҳои болоӣ ва поёнӣ электронейромиография дар марҳилаи муоинаи пеш аз ҷарроҳӣ ва дар марҳилаҳои гуногуни пас аз барқароркунии торҳои асабҳо гузаронида шуд.
Дар соли равон 20 нафар беморони таъчили ва накшави доплерография гузаронида шуд.
Дар давоми ин сол ба 13 нафар беморон бо осебҳои куҳнашудаи асабҳои радиалис, перонуес ва улнарис усули модификатсияшудаи амали ҷарроҳии транспозитсияи мушакиву тендонӣ иҷро гардид.
Ба 33 нафар беморон бо оқибатҳои сухтани мавзеҳои гуногуни бадан амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ бо рафъи деформатсияҳо бо истифода аз усулҳои модификатсияшудаи аутотрансплантатсия бо комбинатсияи усулҳои пластикаи мавзеӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади илмӣ-амалӣ беморони дар шароити шӯъба ҷарроҳи/табобатёфта дар ҷаъмияти ҷарроҳони ҷумҳурӣ намоиш ва оиди дастовард маъруза карда шуд. Чунон-чи “Реплантатсияи сегменти калон” Нарзуллоев Фарход; “Лоскути медиалии кафи пой” Ҳакимов А.
Мувофиқи нақшаи пешгирифтаи ВТ ва ҲИА оиди барномаи миллии “Пешгирии осеббардори, такмили кумаки тибби ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015” соли ҷорӣ ба 120 бемори бистаришуда амалиёти фаврӣ гузаронида шудааст, ки ба 70 (170 амалиётҳои гуногун) нафарашон амалиётҳои гуногуни реконструктивӣ, аз қабили реплантатсия ва реваскуляризатсияи сегментҳои қатъшуда (13), барқарор кардани сегментҳои нопурра қатъшуда (15), нигоҳ доштани сегментҳои калони андомҳои ҷароҳати вазнин бардошта (2), барқарор кардани бандаки рагу асабии буридашудаи андомҳо (47), неофимриопластика ҳангоми ҳомиладории найчагӣ ва ғайра, иҷро гардидаанд.
Инчунин ба таври накшави оиди оқибатхои осеби андомҳо ва сару руй ба зиёда аз 210 нафар бемор амалиётҳои реконструктиви ва пластики гузаронида шуданд. Новобаста аз он, ки коркунони шўъба номгўи зиёди амалиётҳоро иҷро мекунанд, дар фаъолияти ҳаррузаи амалии худ боз якчанд усулҳоро ворид намудаанд. Аз тарафи мутахасисони ин соҳа 5 ихтирооти усулҳои нави амалиёти реконструктивӣ ва пластикӣ (3 патенти ихтироот) ба даст оварда шуд.
Дар шӯъбаи ҷарроҳии эндоскопӣ 654 амалиёт гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2018 андаке зиед мебошад. Миқдори беморони соҳавӣ 558 нафар буда, фаъолияти ҷарроҳӣ ба 95,7% расидааст. Аворизи баъди ҷарроҳӣ 2 ва аз ҷумла фасодгири 2 нафар ва 1 фавт ба қайд гирифта шудааст. Коркунони шўъба ҳамарўза ба бемороне, ки дар системаи дилу рагҳо амалиёти мураккаб гузаронидаанд ва ҳамрав патологияи узвҳои ковокии шикам гирифтор мебошанд, ёрии амалии худро мерасонанд. Ба коркунони шўъба муяссар гардид, ки дар давоми соли ҳисоботи усулҳои нави ташхисоту табобатиро ворид намоянд:
-
Курурорафияи фундопликасионии лапороскопӣ;
-
Папилосфинктеротомияи ва холедохолитэкстраксияи эндоскопӣ
Шӯъбаи ҷарроҳии барқарорсозӣ имкони гузаронидани аксари ҷарроҳиҳои эстетики ва тармимии муосирро доро мебошад. Кормандони шӯъба ҳаммасола бо мақсади такмимли истисос ва бардоштани сатҳу малаки илмии худ дар маъракаҳои илмиву амалӣ, мастерклассҳои кишвар ва берун аз он фаъолона иштирок менамоянд. Дар соли ҳисоботи дар шӯъба 800 амалиёт гузаронида шудааст. Амалиётҳои соҳавӣ дар ин шӯъба 722-ро ташкил додааст, фаъолияти ҷарроҳӣ 99,2%-ро дар бар гирифт. Миқдори беморони соҳавӣ 716 нафар аст. Аворизи баъди ҷарроҳӣ 2 нафар ва фасодгирӣ дар 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар шӯъба усулҳои нави гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба монанди Фейслифтинги эндовидеоскопӣ; Фронтлифтинги эндовидеоскопӣ ба роҳ монда шуд;
Шуъбаи наҷот ва беҳисгардонӣ дорои 12 кат буда бо таҷҳизоти зарури барои гузаронидани амалиётҳои мураккаб, чи дар дил ва чи дар рагҳои хунгард таҷҳизонида шудааст. Ҳангоми зарурият ба беморон ташхисоти рентгенологӣ (дастгоҳи рентгении мобилӣ) ва таҳлили газҳои хун гузаронида мешавад. Ҳучраҳои эхё вобаста ба ҳачм, таъмир ва ҷиҳати таъминот ба тачхизот ва дастгоххо ба талаботхои меъёри чавобгу мебошад. Шуъба бо системаи алохидаи таъминот бо барқ таъмин буда дар холатхои садамави аз он самаранок истифода бурда мешавад, хати оксиген низ дар хамаи хучрахои эхегари ва амалиетхонахо гузарондиа шудаанд, ки аз он хамаруза самаранок истифода буда мешаванд. Холати санитарии шуъба ба меъёрхои санитарию-эпидемиологи чавобгу мебошад. Масъалахои назорат аз сироятёби ва сироятхои дохили статсионари саривакт халли худро меёбанд. Чорабинихои мушаххаси мубориза бо сироятхо дар шуъба хамаруза гузаронида мешавад, ки ба ин мисол шуда метавонад: кварскунонии хучрахо, катхои бемор ва тачхизотхои дар шуъба буда, истифодабарии филтрхои антибактериали дар дар дастгохи нафасдихи, назорати катъии бактериологии кормандони тиб дар хама самт, дезинфексияи асбобхои тибби ва дастгоххо мунтазам гузаронида мешавад.
Дар давоми сол аз тарафи табибони шуъба ба ҳаммаи беморони ҷарроҳишуда беҳисгардониҳо гузаронида шудааст, аз он ҷумла бехисгардонии ЭНТ – 2600, дохили вариди –50 бехисгардонии Pl. brachialis 203, бехисгардони спинали – 415 нафар, бехисгардони перидурали – 5, бехисгардонии мавзеи+НЛА – 593 нафарро ташкил медихад. Бояд кайд кард, ки дар давоми соли чори ба 173 нафар беморон трансфузияи хун ва ба 250 нафар трансфузияхои плазмаи тезяхкардашуда ва компанентхои он гузаронида шудааст.
Дар давоми соли 2019 аз ҳисоби Марказ 2 адад дастгохи нафасдихи сунъи истехсоли давлати Чин ва 2 адад кардиоманитор харидори карда шуд. Хамчунин аз тарафи давлати Кувайт кумаки башардустона як қатор дастгоҳҳои тибби: аз чумла 5 адад дастгохи нафасдихи сунъи, 12 адад оксигенераторхо, 2 адад кардиоманитор, 6 адад электроотсос, 1 адад оксигенератори портотиви ба шуъбаи эхё дастрас карда шуд.
-
Дар давоми сол табибони шуъба фаъолона дар конфренсияи солонаи илмии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва конфренсияи солонаи илми амалии Дошинкадаи Тахсилоти Баъдидипломи кормандони Тиббии Точикистон иштирок кардаанд. Аз чумла 3 нафар табибони шуъба дар федератсияи Россия ва ду нафари дигар дар Чумхурии Точикистон курси такмили ихтисосро гузаштанд. Хамчунин 3 нафар табибони шуъба аз атестатсияи тахасусноки гузашта ду нафар дорои дарачаи оли ва 1 нафар дарачаи 2 – юм гардиданд.
Дар соли 2019 дар Марказ 21 бемор фавтидааст, аз он ҷумла 19 бемор баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ.
Миқдори умуми фавтидагон 0,45%-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи фавтидагон дар маҷлиси комиссияи марганҷомӣ муҳокима карда, хулосаҳои маъмурӣ бароварда шудаанд.
Кормандони Марказ дар хизматрасонии машварати ва таъҷилӣ берун аз ҳудуди Марказ низ фаъолияти назаррас доштанд. Миқдори умумии хизматрасониҳои таъҷилӣ тариқи санавиатсия ба 469 нафар ва дар ҷояшон ба 112 беморон бо осебҳои гуногуни рагҳои хунгузар амалиёт гузаронида шуд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани ҳолати санитарию эпидемиологӣ, дар Марказ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Соли равон Марказ 1 адад дастгоҳи тамъизкунаки газӣ харидори намуда шуд. Назорати асбобҳои ҷарроҳӣ бо истифодаи Азопирам ба тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, санҷиши маводҳои истифодашуда баъди амалиётҳо амалӣ карда шуд. Бо наздиктар ҷалб намудани мутахассисони хадамоти санитарию эпидемиологӣ назорати инфексионӣ ва татбиқи фармони №1119 дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Ҳолати санитарии Марказ қаноатбахш буда, пайваста дар зери назорати бактериологӣ қарор дорад. Дар самти беҳтар гардонии ҳолати санитарии Марказ чунин корҳо ба анҷом расиданд:
-
Таъмири косметикии як қисми шӯъбаи ташхису табобатӣ ;
-
Таъмири косметикии як қисми шӯъбаи микроҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивӣ;
-
Таъмири косметикии шӯъбаи ҷарроҳии дил;
-
Иваз ва таъмири батареяҳои хонагурмкунии фарсудашуда ва азкормонда;
-
Кабудизоркунӣ ва гулкории саҳни Марказ ҳарсола давом дорад.
-
Гирифтани панҷараҳо дар атрофи замини кабудизори Марказ анҷом гардид.
-
Ба таври комил сангфарш кардани саҳни Марказ давом дорад.
Қобили зикр аст, ки дар давоми соли 2019 Марказ бо кумаки соҳибкорони давлатӣ ва кумакҳои башардустона таҷҳизот, лавозимоти ҷарроҳӣ ва маишӣ дарёфт намуда ва ҳамчунин корҳои азнавсозӣ ва таъмирии зиёде ба анҷом расонидааст.
Мутобиқи “Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ”, ки бо фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2019, № 193, Марказ аз 01.09.2010 сол ба хизматрасони ба тариқи ҳампардохт гузаштааст.