Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2011 с, №496 ташкил карда шуда, он ба ҳайси сармуассисаи илмию табобатӣ дар самти ҷарроҳии дилу рагҳо, эндоваскулярӣ ва барқарорсозӣ ба ҳисоб меравад.
Муассиса 26-уми майи соли 2018 аз Аккредитатсияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, фаъолияташро дар чорчӯбаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, фармоишҳо ва қарорҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Оиннома, ки бо фармоиши ВТ ва ҲИА ҶТ аз 21.11.2018 с, №1057 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.
Бахши клиникии муассиса ҳаҷми 120 катро дар бар гирифта, он аз шӯъбаҳои ҷарроҳии дили калонсолон ва кӯдакона, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярӣ, эҳё ва беҳисгардонӣ, микроҷарроҳии тармимию пластикӣ, эндоҷарроҳӣ, ҷарроҳии барқарорсозӣ ва ташхису-табобатӣ иборат мебошад.
Бо назардошти рӯйхати бастҳои кории тасдиқшуда, дар Марказ 340 корманд, аз ҷумла табибон – 91 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ – 139, кормандони хурди тиббӣ – 76 нафар, кормандони қисмати хоҷагидорӣ – 33 нафар, фаъолият менамоянд.
Миқдори табибони дараҷаи квалификатсионӣ дошта 68 нафарро (75%) ташкил медиҳад, аз ҷумла, бо дараҷаи олӣ — 39 нафар, дараҷаи якум — 21 ва дараҷаи дуюм — 8 нафар мебошанд.
Аз 91 нафар мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, 3 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 нафар профессорон, 3 нафар докторони илмҳои тиб ва 38 нафар номзадони илм мебошанд. Дараҷанокии илмии кормандони муассиса 48,9%-ро ташкил менамояд.
Муассиса пойгоҳи клиникии кафедраҳои бемориҳои ҷарроҳии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, эндоваскулярӣ ва тармии ДТБКСТ ҶТ, ба ҳисоб рафта, аз ҷониби кормандони онҳо низ тадқиқотҳои якҷояи илмӣ гузаронида мешавад.
Муассиса пурра компутеркунонӣ гашта, фаъолият тибқи низоми “ҳукумати электронӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар муассиса 4 нафар сармутахассисони соҳавии ВТ ва ҲИА, фаъолият менамоянд, аз ҷумла:
- Ғоибзода Алиҷон Ҷура — сармутахассиси соҳавии ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ҷарроҳии рагҳои хунгард;
- Убайдулло Қурбон — сармутахассиси соҳавии ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ;
- Абдуҷабборов Абдусодиқ Абдуҳамидович — сармутахассиси соҳавии ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ҷарроҳии дили кӯдакон;
- Ҷураев Шамс Муртазоевич — сармутахассиси соҳавии ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ҷарроҳии эндоваскулярӣ.
Сохтори Марказ (120 КАТ)
- Маъмурият
- шуъбаи илмӣ
- шуъбаи қайду қабул
- ш. ҷарроҳии дили калонсолон – 20 кат
- ш. ҷарроҳии рагҳои хунгард – 20 кат
- ш. нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дил – 20 кат
- ш. ҷарроҳии барқарорсозӣ – 20 кат
- ш. микроҷарроҳӣ – 20 кат
- ш. эндоҷарроҳӣ — 10 кат
- ш. рентгенэндоваскулярӣ — 10
- ш. наҷот ва беҳисгардонӣ – 12
- ш. ташхису – табобатӣ
- озмоишгохи хунгардишт сунъӣ