Дар муассиса айни замон тадқиқотҳои илмӣ аз рӯи 3 лоиҳаҳои илмии аз буҷаи давлат маблағгузоришаванда, 1 лоиҳаи инноватсионӣ ва 6 лоиҳаҳои ташаббусӣ гузаронида мешаванд.
Дар муассиса 4 докторанти PhD, 3 аспирант (соли сеюми таҳсил) тадқиқотро идома дода, дар соли 2019 се унвонҷўй рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд, аз ҷумла:
-
Унвонҷуйи дараҷаи докторӣ: Сафаров Ҷаъфар Музаффарович. Мавзўъ: “Хусуисятҳои муолиҷаи ҷарроҳии баромади модарзодии рон дар Тоҷикистон”. Ихтисоси илмӣ: 14.01.17-ҷарроҳӣ, 14.01.15-осебшиносӣ ва раддодӣ. Машваратчии илмӣ: д.и.т., профессор Ортиқов Каримҷон Пулатович. Макон ва замони ҳимоя: ш. Душанбе, 06.07.2019 с. Шўрои диссертатсионии 6D КОA-025 назди ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино.
-
Унвонҷуйи дараҷаи номзадӣ: Юлдошов Муродалӣ Арабович. Мавзўъ: “Баҳодиҳии муқоисавии усулҳои микроҷарроҳӣ ва анъанавии ҳангоми табобати васеъшавии варидҳои моядон бо патоспермия”. Ихтисоси илмӣ: 14.01.17 – ҷарроҳӣ, 14.01.23 – бавлшиносӣ. Роҳбари илмӣ: д.и.т., профессор Ортиқов Каримҷон Пулатович. Макон ва замони ҳимоя: ш. Душанбе, 28.06.2019 с. Шўрои диссертатсионии 6D КОA-025 назди ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино.
-
Унвонҷуйи дараҷаи номзадӣ: Ҷураев Шамс Муртазоевич. Мавзўъ: “Арзёбии самаранокии стенткунии коронарӣ дар беморони гирифтори кардиосклерози баъдисактавӣ бо шакли ишемияи бедарди мушаки дил”. Ихтисоси илмӣ: 14.01.04 – бемориҳои дарунӣ. Роҳбари илмӣ: д.и.т., дотсент Олимзода Насим Хоҷа. Макон ва замони ҳимоя: ш. Душанбе, 24.10.2019 с. Шўрои диссертатсионии 6D КОA-038 назди ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино.
Ҳамасола аз 4 то 12 ҷаласаи Шӯрои Олимон баргузор мегардад, ки дар онҳо ҳисоботи ҷамъбастии солонаи муассиса, рафти иҷроиши лоиҳаҳои илмию тадқиқотии буҷавӣ, инноватсионӣ ва ташаббусӣ, тасдиқи мавзўҳои рисолаҳои докторию номзадӣ, пешниҳоди мутахассисон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои гуногун ва нақшаи кории шӯъбаҳо баррасӣ мегарданд.
Олимони муассиса ҳамасола дар баргузории анҷуману конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона варзида, дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ маърўзаҳо менамоянд.
Ҳамзамон, мутахассисони марказ ҳамасола дар ҷорабиниҳои илмии хориҷӣ ва байналмиллалӣ иштирок ва раисӣ намуда, оиди дастовардҳои ҷарроҳии дилу рагҳои ватанӣ маърӯзаҳо менамоянд.
Ҳамасола беш аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла мақолаҳо дар маҷаллаҳои Scopus, маҷаллаҳои тақризшавандаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида аз 2 то 8 патент барои ихтироот ба даст меоранд.
Муассиса дар пойгоҳи Шохиси иқтибосоварии илмии Россиягӣ ба қайд гирифта шудааст, ки маълумоти муфассалро дар инҷо https://www.elibrary.ru/org_items.asp?orgsid=17850 пайдо намудан мумкин аст.
Дастовардҳои назарраси илмию амалии олимони муассиса:
— ташхиси замонавии вайроншавии назми дил ва муолиҷаи ҳозиразамони он бо роҳи аблятсияи радиобасомади эндоваскулярӣ;
— беҳтарсозии натиҷаҳои табобати маҷмўавии нуқсонҳои модарзодии дил бо фишорбаландии шушӣ;
— омодасозии пешазҷарроҳӣ ва табобати мукаммалкардашудаи иллати шараёнҳои канорӣ дар заминаи аортоартериити ғайрихусусӣ;
— омӯхтани сабабҳои дубора такроршавии бемории варикозӣ ва роҳандозии усулҳои замонавии ташхису табобати он – коагулятсияи лазерии эндовенозии варидҳои варикозӣ;
— омўхтани омилҳои хатари инкишофи аневризмаи шоҳраги батнӣ дар якҷоягӣ бо олимони Донишгоҳи тиббии шаҳри Рязани Россия ва Клиникаи донишгоҳии шаҳри Кёлни Олмон.