Дастовардҳои даврони истиқлолият

Дастовардхои шӯъбаи ҷарроҳии рентегноэндоваскулярӣ

  1. Гузаронидани амалиётхои ҳибриди (гибридные операции) дар андоми поён ҳангоми атеросклерози шараёнхои пойҳо;
  2. Имлантатсия ва барномасозии электрокардиостимуляторхои як ва дукамерави (Medtronic, St.Jude).
  3. Реканализатсия ва стентгузории шараёни зерикулфаки.
  4. Стентгузории шараёни вертебралӣ.
  5. Окклюзияи шараёни коллатералӣ аз системаи гардиши калон ба системаи гардиши хурди хун (Балка) бо спиралҳо (хангоми тетрадаи Фалло).
  6. Эмболизатсияи шараёнхои максиляри хангоми хунравии шадиди ретсидиви аз бини.
  7. Стентгузории шараёни a. celiaca (чревный ствол) хангоми тангшавии шадиди он дар бемор гирифтори аортоартериити ғайрихусусй.
  8. Окклюзияи рентгеноэндоваскуларии дефекти синуси Валсалваи рост.
  9. Ба беморони гирифтори номураттабии кори дил бо дастгирии аритмологони Ҷумҳурии Қазоқистон амали ташхиси электрофизиологии дил ва дар холати зарури аблятсияи дил (радиочастотная абляция) ба амал оварда шуд.
  10. Дар солхои охир каронароангиографияи таъҷилй бо стентгузории коронарй ба беморони гирифтори «Синдроми шадиди коронарй» ва «Сактаи шадиди миокард дар соатҳои аввал» ба танзим дароварда шуд.

Дастовардхои шӯъбаи ҷарроҳии дил

  1. Ивазкунии яквақтаи дарғотҳои митралию трикуспидалӣ бо протезҳои механикӣ ва биологӣ
  2. Баратарфкунии нуқсони модарзодии дил дар кўдакони вазни хурд дошта
  3. Бартарафсозии якмарҳилавии стенози болоидарғотии шоҳраг бо стенози критикии танаи брахиосефалӣ
  4. Тромбэктомияи аз шараёни шушӣ ва шохаҳои он дар шароити хунгардиши сунъӣ ҳангоми тромбоэмболияи шараёни шушӣ
  5. Коррексияи пурраи нуқсони ниҳоят мураккаби дил: Баромади шохачаи чапи шараёни шушӣ аз шоҳраг. Стенози критикии қисми баромади меъдачаи рост ва клапани шараёни шушӣ. Дефекти девораи байнимеъдачаҳо
  6. Усули бартарафкунии носури шохрагу дахлези бо технологияи «Амплатс»
  7. Шунтикунонии коронари ва пластикаи клапани митрали бо баркарорсозии сохтори дахлези чап бо усули CoxMaz
  8. Пластикаи дарготи митрали ва аннулопластика бо усули имплантатсияи халкаи Карпантье-Эдвардс
  9. Чаррохии гибриди: стентгузории коронарии таъчили ва шунтикунонии мамро-коронарӣ
  10. Омода намудани пешазҷарроҳии беморон бо нуқсони модарзодии дил ва фишорбаландии шушӣ бо истифодаи доруҳои Милринон ва Бозентан.
  11. Гузаронидани амалиёти ҷарроҳии шунтикунонии аорта- ва мамарокоронарӣ бо резексияи аневризмаи меъдачаи чап дар як марҳила.
  12. Ҷарроҳии эндартерэктомияи каротидӣ ва шунтикунонии аорта- ва мамарокоронарӣ дар як марҳила ҳангоми иллатёбии мултифокалии рагҳои хунгард.
  13. Амалиёти реконструксияи клапан, рпеша ва шоҳраги болораванда (амалияти Дэвид)
  14. Истифодаи дохилишараёнии ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳангоми табобати бемории ишемиявии дил
  15. Шунтикунонии аорто-коронарӣ ҳангоми синдроми шадиди коронарӣ
  16. Резексияи анеризмаи меъдачаи чап

Дастовардхои шӯъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгард

  1. Комилан ба роҳ мондани ҷарроҳиҳои ҳибридӣ, яъне дар як марҳила иҷро намудани ҷарроҳии кушода бо ангиопластика ва ё стенткунонӣ ҳангоми иллатёбии шараёнҳои канорӣ
  2. Ҷарроҳии гибридӣ: стентгузории яквақтаи шараёни зериқулфаки чап бо тромбэктомияи кушода аз шараёни бозу
  3. Ҷарроҳии гибридӣ: стентгузории яквақтаи танаи шараёни масориқавии боло ва шараёни гурдаи ҳангоми аортоартериити намуди IV
  4. Усули нави имплантатсияи шараёни вертебрали ба шараёни зерикулфак хангоми кинкинги он
  5. Коркард ва воридсозии усулҳои нави омодасозии беморон бо фишорбаландии шараёнии симптоматики
  6. Бори аввал ичро намудани амали чарроҳии таъҷилӣ ҳангоми тақсимшавии шадиди шоҳраги болораванда
  7. Иҷрои аввалин амали ҷарроҳӣ ҳангоми тақсимшавии пурраи шоҳраг бо васеъшавии аневризматикии қисми шикамии он ҳангоми синдроми марфан
  8. Иҷрои нахустин амали адреналэктомия дар хурдсонолон ҳангоми феохромоситома
  9. Коркард ва воридсозии намуди мукаммалкардашудаи табобати комплексии тромбози шадиди варидхои амики пойхо
  10. Истифодаи технологияҳои лазерӣ дар табобати бемории Рейно ва аортоартериит
  11. Пешниҳоди усулҳои нав ва мукаммалкардашудаи ҷарроҳӣ ҳангоми аневризмаи шоҳраги шикам ва шохаҳои он
  12. Бо истифода аз усулҳои ҳозиразамони нурӣ ба таври илман асоснок карда шуда, интихоб намудани бурриши ҷарроҳӣ ҳангоми омосҳои ғадудҳои болои гурда
  13. Бори аввал дар шароити ҷумҳурӣ иҷро намудани амалиётҳои ниҳоят мураккаби ҷарроҳӣ ҳангоми тақсимшавии шадиди шоҳраг (острое расслоение аорты)

Дастовардхои шӯъбаи ҷарроҳии нуксонхои модарзодӣ ва иктисобии дил

2013

  1. Ангиопластикаи балонии кўдаки 4 моҳа бо ташхиси коарктатсияи аорта;
  2. Бастани маҷроҳи кушодаи артериали бо спирал;
  3. Валвулопластикаи балонии шараёни шушии кўдаки навзод пас аз 7 соати таваллуд;
  4. Гузоштани анастамози дусамтаи кавапулмонари дар кудакони то 1 сола бо ташхиси Меъдачаи ягона;
  5. Коррексияи радикалии тетрадаи Фалло дар кудакони то 1 сола;
  6. Гузоштани анастамози Блелок-Тауссиг дар кудаки 3-моха;
  7. Гузоштани окклюдер ба дефекти байни дахлезхои дил ба занхои хомиладор 35 ҳафта (2 нафар);
  8. Амалиёти ҷарроҳӣ бо усули Мастард ба кудаки 3 сола бо ташхиси Крисс Кросс;
  9. Гузоштани окклюдер ба мачрохи кушодаи артериалӣ;
  10. Амалиёти ҷарроҳӣ ҳангоми нуксонхои ҳамҷояи модарзодӣ ва пайдошудаи дил дар як марҳила (пластикаи дефекти байнидевораи меъдачахои дил ва протезкунонии клапани аорталӣ);

2014

  1. Гузоштани электрокардиостимулятори доимии духучраги ба кудаки 4 моха бо ташхиси АВ – мухосираи пурраи модарзод;
  2. Амалиёти Сано – анастомоз байни меъдачаи рост ва танаи шараёни шуши хангоми атрезияи шараёни шуши;
  3. Тармими комили транспозитсияи коррексияшудаи рагхои магистрали хангоми декстракардия;

2015

  1. Гузаронидани амалиёти чаррохии бартарафнамудани носури байни шохраг ва шараёни шуши ва бартарафкунии катъи шохраг бо гузоштани анастомози нуг ба нуг бе истифода аз дастгохи хунгардиши сунъи.

2016

  1. Амалиёти Фонтен ҳамчун марҳилаи баъдӣ ба беморони гирифтори нуқсонҳои мураккаби дил.
  2. Ҷори намудани амалиётхои ҷарроҳӣ ҳангоми фишорбаландии шушӣ;
  3. Амалиёти ҷарроҳӣ ба кўдакони вазнашон то 5 кг (5 нафар):

2017

  1. Ҷарроҳӣ намудани кўдакони камвазн (3 кг);
  2. Ҷарроҳии кўдакони гирифтори фишорбаландии шушии дараҷаи вазнин дар заминаи НМД;
  3. Имплантатсияи кардиостимулятори доимӣ ҳангоми муҳосираи пас аз ҷарроҳӣ дар кўдаки 3 моҳа

2018

  1. Беҳисгардонии умумӣ ва каудалӣ бо экстубатсияи бемор пас аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ дар амалиётхона

Дастовардхои шӯъбаи эндоҷарроҳӣ

  1. Фенестрасияи перикард бо усули торакоскопи
  2. Эхинококкэктомияи торакоскопии аз шуш
  3. Симпатэктомияи торакоскопи
  4. Бартарафгунии гематомаҳои қафаси сина
  5. Эхинококэктомияи лапароскопии аз чигар
  6. Симпатэктомияи лапароскопи
  7. Бастани урахус бо усули лапароскопи
  8. Аппендэктомия бо усули лапароскоп
  9. Систэктомияи лапароскопи аз тухмдонхо
  10. Гирифтани тухми ҷанини ҳангоми ҳомиладории берун аз бачадон бо усули лапароскопии
  11. Термокаутеризатсияи тухмдонҳо бо усули лапароскопии
  12. Миомэктомияи консервативии боусули лапароскот
  13. Ампутатсияи болои махбалии бачадон
  14. Чуррабурии бо усули лапароскопии
  15. Кардиомиотомияи лапароскопии
  16. Курорафия ва фундопликатсияи лапароскопӣ
  17. Обиаткашии аз ковокии чарбуи хурд бо усули лапароскопӣ
  18. Резексияи кистаҳои гурда бо таври лапароскопии ва ретроперитонеоскопи
  19. Рафъ кардани васеъшавии варидхои тухм бо усули лапароскопи
  20. Иҷроиши амалҳои ҷарроҳи боистифодаи дастгоҳи «мини — ассистент» дар узвхои қафаси сина ва ковокии шикам
  21. Усулхои эндоскопии ва эндочаррохии бартарафкунии чисмхои бегона аз роххои нафас ва ковокии шикам

Дастовардхои шӯъбаи ҷарроҳии барқарорсозӣ

  1. Усули бартараф намудани деформатсияи пуштаки бини бо протези Рогех
  2. Усули сохтани нуксони каноти бини бо флепи назолабиали
  3. Усули бартараф намудани деформатсияи бофтахои мулоими руй бо усули липофилинг
  4. Усули бартараф намудани скари кашандаи пахлу ва пеши гардан бо флепи болои кулфак
  5. Усули сохтани неоуретра аз пардаи луоби дахон
  6. Усули лифтинги руй бо воситаи риштаи poliprolen
  7. Усули истифодаи пустпораи вобастаи кадкашак, хангоми бартараф намудани контактураи каткунанади ангуштон, ки аз шараёни поёнии эпигастрали асос ёфтааст.
  8. Усули такмилдихии техникаи чудокунии пояи дароз ва масохати калони пустпораи кадкашак, ки аз шараени сатхии поёнии эпигастрали асос ёфтааст.
  9. Усули такмилдихии моделкунии пуспораи кадкашак хангоми нуксонхои гуногуни андомхои болои.
  10. Такмили усули маммопластикаи редуксиони бо воситаи рузекцияи найзашакли квадрати болои гадуди шир.
  11. Липосаксияи руй ва гардан дар холати липогипертрофия.
  12. Ворид намудани табобати липомаи моделунг бо усули липасаксия
  13. Ворид намудани усули пластикаи букали хангоми гипертрофияи рухсора
  14. Усули нави глутеопластика хангоми аугментатсияи хангоми гипотрофияи мушакхои кос.
  15. Усули такмилдихии техникаи чудокунии пояи дароз ва масохати калони пустпораи кадкашак, ки аз шараени сатхии поёнии эпигастрали асос ёфтааст.
  16. Усули такмилдихии моделкунии пуспораи кадкашак хангоми нуксонхои гуногуни андомхои болои.
  17. Усули флебографияи скротали — хангоми тадкикоти вайроншавии гардиши хун дар моядон ва тухм истифода бурда мешавад (варикоселе). Ин усули флебография нисбати дигар усулхо, маълумоти зиёдтар медихад.
  18. Усули амалиёти чаррохии якчояи ринопластика бо аденоидэктомия — хангоми ин чаррохи, бартарафнамудани якчояи нуксони косметики ва баркароркунии гузариши функсионалии бини карда мешавад.
  19. Усули амалиёти чаррохии мамопластикаи комбинатсиони — хангоми ин амалиёт, лифтингу бартарафнамудани бофтахои зиёди гадуди шири яклахзави гузаронида мешавад.
  20. Усули чаррохивии яклахзавии пластикаи коми сахт ва мулоим, ва лаби боло — бо истифода бурдани усули Axhausen-Vaeu, пас аз озод кардани бофтахои луобии коми сахт ва мулоим, бо бофтахои озод карда, нуксони пайдо шуда пурра пушида мешавад. Кисми биниви ва дахон бофатхои луобии трансплантат чудо духта мешавад (бо сабаби пешгирии носурхои байни биниву кавокии дохон). Хангоми истифода бурдани ин усули амалиёт, кашиши бофтахо, ки пас аз дигар усулхо пайдо мешавад, дида намешавад.
  21. Усули блефаропластикаи трансконъюктивали, бе буриши пуст — бо гузаронидани мавзеи чаррохи аз конъюктива, халтачахои чурравии пилкхои поён, ки яке аз сабабхои аввалини пайдошавии ожангхои суни соли поёни чашм мебошад, гирифта партофта мешаванд. Пас аз ин чаррохи, нисбати блефаропластикаи аънанави, скарихои пас аз чаррохи дида намешаванд.
  22. Усули нави пешгирии скархои келоид ива гипертрофики.
  23. Усули нави табобати чаррохии скархои келоид бо истифодаи кеналог.
  24. Усули табобати скархои келоид бо усули криодестркутсия.
  25. Усули трамими нуксонхои асабторахои андомхо бо транплантати аутоасабии префабиркатсияшуда.
  26. Усули сохтани аннастамози дисталии тестикуло- сафенаги бе кушодани канали кадкашак ангоми варикоселеи ретсидиви.
  27. Усули сохтани аннастамози тестикулоилиакали аз хисоби варидхои эпигастрали хангоми варикоселе.
  28. Усули бартараф намудани нуксонхои чоги поен аз хисоби тарнсплантатхои кучонидашуда.
  29. Усули бартараф намудани нуксонхои асабторахои андоми болои бо транспнатати кучонидашудаи асаби улнали.
  30. Усули реконстркусияи нуксонхои олтали ва субтоталии уретра хангоми гипоспадия.
  31. Усули микрочаррохии хомиладории афзояндаи берун аз бачадони найи тухгузари ягона.
  32. Усули баркароркунии нуксонхои вазнинии кисми поении руй.
  33. Усули табобати синдроми дар хангоми скархои келоидии пуст.
  34. Усули бартараф намудани асабтораи характдихандаи нуксони асаби руй

Дастовардхои шӯъбаи ташхису табобатӣ

  1. Ташхиси доплерии шараёни гурдаҳо, шараёни ҷигар, шараёни испурҷ, ва шараёнҳои виссерали