Хабарҳо ва навгониҳо

Объявление

06 марта 2023 г. в 12:00 часов в Диссертационном совете 6D.КОА-060 при ГУ «Республиканский научный центр сердечно-сосдистой хирургии» (734003, г. Душанбе, улица Санои 33) состоится защита диссертации Раджабова Дориюша Раджабовича на тему «Сравнение двух стратегий лечения острого венозного тромбоза нижних конечностей и их влияние на течение посттромботической болезни» на соискание учёной степени кандидата медицинских наук по специальности 14.01.26 – Сердечно-сосудистая хирургия (медицинские науки).

С диссертацией и авторефератом можно ознакомиться на сайте ГУ РНЦССХ (www.mjijdr.tj) и в библиотеке учреждения по адресу: 734003, г. Душанбе, ул. Санои 33.

22.02.2023 г

Ученый секретарь диссовета 6D.КОА-060 к.м.н Неъматзода О.

Администрация ГУ “Республиканский научный центр сердечно-сосудистой хирургии” выражает  глубокую признательность и/о председателю Правления НАО «Центр сердца Шымкент» Суйгенбаеву Дархану Жорабековичу и врачу-аритмологу Есенбекову Берикбаю Куралбаевичу за поддержку развития сердечно-сосудистой и эндоваскулярной хирургии в Республики Таджикистан.

26-28 ноября текущего года был проведен очередной мастер-класс в  рамках заключенного меморандума между нашими организациями.

Центр Сердца Шымкент — ведущая клиника южного региона Казахстана, оказывающая кардиологическую и кардиохирургическую помощь населению на высоком уровне. Молодая и амбициозная команда профессионалов проводит все виды операций на открытом сердце, а также все виды интервенционных процедур.

Более подробную информацию можно получить здесь: https://www.instagram.com/heartcentershymkent

👉darkhansuigenbaev, dr.yessenbekov

 

 

КОРОНАВИРУС COVID-19 ВА БЕМОРИҲОИ ДИЛУ РАГҲО

Маълумоти умумӣ. Тадқиқотҳои аввалини олимон, ки бо ташхису табобати COVID-19 машғул буданд, нишон медиҳад, ки фавти бештар аз ин беморӣ дар байни ашхоси синну солашон калон дида мешавад. Чунки дар ин гурӯҳи одамон пеш аз ҳама бемориҳои ҳамрадиф ба монанди дилу рагҳои хунгард аз ҷумла фишорбаландӣ, бемории ишемиявии дил, диабети қанд, бемориҳои музмини шуш ва норасогии музмини фаъолияти дил дида мешавад. Дар ҳолати ҷой доштани фарбеҳӣ, бемориҳои роҳҳои нафас ва тамокукашӣ ҷараёни бемории COVID-19 ниҳоят вазнин буда, фавт дар ин гуна беморон бо маротиб зиёд мегардад. Исбот шудааст, ки пневмонияи дар асоси COVID-19 ба вуҷуд омада, метавонад худ ҳамчун авориз сабаби пайдошавии бемориҳои дил гардад (аввалиндараҷа). Илтиҳоби системавӣ, ки аз таъсири коронавирус ба вуҷуд меояд худ ба ғафсшавии хун (гиперкоагулятсия) меорад, ки хавфи пайдошавии тромбҳоро дар дилу рагҳои хунгард зиёд мегардонад. Табобати COVID-19 бо механизми сар задани тағйиротҳои патологӣ вобастагии зич дорад. Бинобар ин барои дуруст ба роҳ мондани табобати чи COVID-19  ва чи бемориҳои ҳамрави системаи дилу рагҳо, донистани патогенези COVID-19  хело муҳим мебошад.

Патогенез. Олимон имрӯз дар ақидаи онанд, ки вирус баъди ворид гардидан ба роҳҳои хунгарди шушҳо дар сатҳи микросиркулятсия ба эндотелияи артериолаҳо ва венулаҳои шуш осеби сахт расонида, боиси пайдо шудани омилҳои инкишофи лахтаҳои хун (тромбҳо), ки баъдан сабаби пайдоиши тромбоз ва аз фаъолият бозмондани қисмҳои гуногуни бофтаҳои шуш мегарданд. Ин қисмҳои шуш минбаъд дар раванди мубодилаи оксиген иштирок намекунанд, ки ба норасогии нафаскашӣ оварда мерасонад. Дар натиҷаи коҳиш ёфтани фазои нафасгирии шуш (дыхательная площадь) норасогии нафаскашии шадид сар зада, боиси вазниншавии ҳолат ва фавти беморон мегардад. Дар мамлакати Чин дар асоси табобати 1099 беморон ба хулоса омаданд, ки фавт дар гурӯҳи ашхосе, ки бемориҳои фишорбаландӣ, ишемикии дил, диабети қанд ва музмини гурда доштаанд, бештар мушоҳида шудааст. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки маводҳое, ки беморон барои табобати фишорбаландӣ ва ишемикии дил истифода менамоянд, ҳангоми ба COVID-19  гирифтор шуданашон дар ҳеҷ маврид манъ карда нашавад. Ин маводҳо – аспирин, аторвастатин ва β-адреноблокаторҳо мебошанд, ки асосан ба пешгирии оризаҳои беморӣ пешбинӣ шудаанд. Якбора манъ кардани маводҳое, ки беморони дил солҳои тӯлонӣ истифода мекарданд метавонад ҳолатҳои фавтро дар ин гурӯҳи беморон дучанд намоянд. Баръакс ҳангоми ба COVID-19  дучор шудани ин гуна беморон, вояи (дозаи) онҳо зиёд карда шуда маводҳои дигари антикоагулянтӣ илова карда шаванд. Табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар ашхоси гирифтори COVID-19

Чихеле, ки ошкор шудааст корнавирус ба дохили ҳуҷайра бо роҳи пайвастшавӣ бо ферментҳое сурат мегирад, ки бештар дар дил, рӯда, эндотелияи рагҳои хунгард ва гурда мавҷуд мебошанд. Бинобар ин аксарияти беморон аз норасогии полиорганикӣ мефавтанд. Озодшавии миқдори зиёди ситокинҳо дар натиҷаи осебёбии ҳуҷайраҳо бо вирус ба вайроншавии фаъолияти бофтаҳои дил ва дигар узвҳои ҳаётан зарур мерасонад, ки сабаби фавти беморон мегардад. Баландшавии лахташавии хун яке аз аворизҳои асосии бемориҳои вирусӣ мебошад, ки сабаби пайдоиши тромб ва фавти беморон мегардад. Тибқи тадқиқотҳои олимон истифодаи Гепарин ё Клексан ба ин гуна беморон дар давоми 7 рӯз фавти беморонро коҳиш хоҳад дод.

Табобати синдроми шадиди коронарӣ дар беморони COVID-19

Ашхосе, ки гирифтори COVID-19 буда, дар онҳо дардҳои хос ба синдроми коронарии шадид ҷой дорад, баъди бистарӣ ва инъексияи маводҳои дардпасткунанда ба таври таъҷилӣ ЭКГ, ЭхоКГ, рентгенографияи шушҳо гузаронида шуда, миқдори тропонин муайян карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани имконият ба ҷои коронарография гузаронидани КТ-ангиография (ғайриинвазивӣ) барои бемор беҳтар мебошад. Ҳангоми муроҷиати ингуна беморон вобаста ба дараҷаи вазнинии ишемияи дил ва COVID-19 чунин гурӯҳбандӣ карда мешавад.

  1. Ба бемороне, ки пневмонияи вазнини вирусӣ доранд танҳо табобати консервативӣ гузаронида шуда, пас аз шифо ёфтан аз COVID-19 масъалаи стенткунии онҳо омӯхта мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои сабуки беморӣ агар баъд аз пайдоиши нишонаҳои синдроми шадиди коронарӣ 12 соат гузашта бошад, ба таври таъҷилӣ ангиография ва стентгузории рагҳои коронарӣ гузаронида мешавад. Дар сурати то 12 соат муроҷиат намудани бемор ба онҳо табобати тромболитикӣ гузаронида мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки ҳангоми синдроми шадиди коронарӣ ё сактаи дил танҳо барои наҷоти бемор бо нишондодҳои ҳаётан зарур 1 ё ин, ки 2 стент гузошта мешавад (табобати паллиативӣ) то бемор аз марг наҷот дода шавад. Боқӣ дигар рагҳои хунгарди дил нақшавӣ баъд аз табобати COVID-19 тармим карда мешаванд. Ба инобат бояд гирифт, ки ба ин гуна беморони таъҷилӣ барои ташхиси тестӣ ба COVID-19, ҷамъи эпиданамнез, томографияи компютерӣ ва истифодаи маводҳои ҳимоявӣ вақти зиёд талаб карда мешавад, ки ба зарари беморон мебошад.

Ба бемороне, ки стентгузорӣ шудаанд, ё қаблан ҷарроҳӣ шудаанд тавсия дода мешавад, ки истеъмоли антикоагулянтҳоро новобаста аз дараҷаи вазнинии COVID-19 давом диҳанд.

Ташхис ва табобати ногузароии шадиди рагҳои хунгард (тромбоз ва эмболия) дар беморони COVID-19

Тромбоз ё эмболияи шараёнҳои канорӣ яке аворизи бемориҳои системаи дилу рагҳо мебошад. Бештар онҳо ҳангоми  фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемиявии дил, нуқсонҳо ва омосҳои дил, ва вайроншавии назми дил ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин васеъ кардани ҳаҷми табобат ва давомнокии он ба натиҷаҳои дилнохоҳ (нежелаемый) меорад. Нақшаи табобати ин гуна беморӣ ҳангоми COVID-19 чунин бояд бошад:

  1. Ҳангоми эмболия: агар дараҷаи ишемия II Б ва бештар бошад, новобаста аз ҷойгиршавии эмбол ва ҳолати умумии бемор таъҷилан, зери беҳискунии мавзеӣ амалиёти эмболэктомия бояд гузаронида шавад. Дар ҳолати компенсатсияи гардиши хун табобати консервативӣ таъин карда мешавад. Барои муайян намудани дараҷаи вазнинии ишемия ва ҳолати бемор муоинаи клиникӣ, дуплекси сканерӣ, ЭКГ, рентгенографияи шушҳо, ЭхоКГ ва ташхиси таҳлилҳои хун ба таври таъҷилӣ гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми тромбози шадид новобаста аз дараҷаи вазнинии ишемия табобати бемор бо роҳи консервативӣ оғоз карда мешавад. Маводҳои антикоагулянтӣ ва тромболитикӣ асоси табобатро ташкил медиҳад. Ҳамзамон табобати бемориҳои дил ва дигар бемориҳои ҳамрадиф давом дода мешавад. Дар ҳолати самаранок набудани табобат ба бемор ангиография гузаронида шуда, табобати эндоваскулярӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани зарурияти ҷарроҳии кушода таҳти беҳискунии спиналӣ амалиёти ҳаҷман хурд ба монанди тромбэктомия, эндартерэктомия, профундопластика, пластикаи шараён бо малофа (заплата) гузаронида мешавад.
  3. Бояд қайд кард, ки ампутатсияи даст ё пой дар беморони гирифтори COVID-19 боиси миқдори зиёди авориз ва фавти онҳо мегардад. Аз ин рӯ ҳаммаи имкониятҳо, аз ҷумла амалиётҳои ҷарроҳӣ зери беҳисгардонии спиналӣ барои нигоҳ доштани даст ё пойҳои бемор бояд истифода карда шавад. Табобати тромбози шадиди варидҳо дар беморони гирифтори COVID-19 Бо назардошти аворизҳои вазнини тромбозҳои варидӣ (тромбоэмболияи шараёни шушӣ) ин гурӯҳи беморон таъҷилан бистарӣ карда мешаванд. Беморон баъди ташхиси тестӣ, таҳлилҳои биохимиявӣ, ҳолати лахташавии хун (МНО, АЧТВ, вақти лахташавӣ) дар изоляторҳо  — утоқҳои алоҳида бистарӣ карда мешаванд. Бистариши онҳо дар шӯъбаҳои барои COVID-19  пешбинӣ шуда ташкил карда шуда, табобат таҳти назорати мутахассисон – сироятшиносон, ҷарроҳон ва реаниматологҳо, гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки табобати консервативии тромбозҳои варидӣ (маводҳои доруворӣ) ягон ғайринишондод дар беморони COVID-19  надошта, баръакс самаранок мебошад. Риояи реҷаи қатъии бистарӣ ҳатмист. Гепарин вобаста аз дараҷаи вазнинӣ ҳар 6 соат таҳти назорати вақти лахташавии хун ворид карда мешавад. Барои бартараф намудани гиповолемия (хос барои ин гуна беморон) Реополиглюкин, Латрен,  маҳлули физиологӣ ва Рингер низ таъин карда мешавад. Ҳамзамон истифодаи маводҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳо ба равиши тромбози варидӣ таъсири манфӣ надорад. Баъд аз паст гардидани шиддати беморӣ онҳо зери назорати табибон ва табобати амбулаторӣ гузаронида мешаванд. Тромбози варидҳои васеъшудаи зерипӯстӣ – варикотромбофлебит айнан бо чунин нақша табобат карда мешавад: антикоагулянтҳо, антиагрегантҳо, антибиотикҳо, зиддигистаминҳо ва табобати мавзеӣ (малҳамҳо). Дар протсеси назорат ва ултрасадои такрорӣ агар болоравии тромбҳо дар дохили варид мушоҳида шавад, барои пешгирии тромбоэмболияи шараёни шушӣ зери беҳисгардонии мавзеӣ кроссэктомия иҷро карда мешавад (бастани вариди калони зерипӯстӣ дар сеяки болоӣ). Ҷарроҳӣ новобаста аз ҳаҷми он зери беҳисгардонии мавзеӣ бо нишондодҳои таъҷилӣ иҷро карда мешавад.